Милитсияи тоҷик дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои бузурги кадриву техникӣ ва низомӣ ноил гардид
Душанбе, 02.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилоят вохӯрӣ доир намуд. Дар мулоқот роҳбарони шуъбаву хадамоти дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои ин вазорат дар вилоят иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рамазон Раҳимзода кулли ҳайати шахсии мақомоти милитсияи минтақаро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуда, зикр кард, ки «маҳз бо дастгириву пуштибонӣ ва ғамхориҳои беназири Пешвои миллат милитсияи тоҷик дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои бузурги кадриву техникӣ ва низомиву маишӣ ноил гардид. Ин даврон дар таърихи навини давлатдории милитсия бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд».
Дар ҷаласа масъулин доир ба фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии минтақа дар давраи 10 моҳи соли равон сухан гуфтанд. Вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас барои давраи зимистон, таъмини кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия, курсантони факултаи 4-уми Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд, сарбозони қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии вазорат ва дигар ҷузъу томҳо бо маводи озуқа, либоси зимистона, ангишт ва дигар ашёи зарурӣ дастуру супоришҳо дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






