Муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт барои давраи зимистон бо 1172 тонна ангишт таъмин гардиданд
Рашт, 17.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо мақсади омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 2 миллиону 156 ҳазору 926 сомонӣ ҷудо намуд. 1 миллиону 45 ҳазору 466 сомонии он барои харидории ангишту ҳезум ба соҳаи маориф равона гардидааст.
Дар ин бора масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дода, гуфтанд, ки то имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳияи Раштро бо 1172 тонна ангишт ва 930 м3 ҳезуми хушк, муассисаҳои соҳаи тандурустиро бо 226,4 тонна ангишту 114 м3 ҳезум ва соҳаи фарҳанги ноҳияро бо 52 тонна ангишт таъмин намудаанд, ки сад фоизи нақшаро дар бар мегирад».
«Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рашт барои сари вақт таъмин намудани аҳолӣ бо ангишт дар фасли зимистон 500 тонна ангишт захира кардааст»,-хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






