Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Б. Ғафуров ба сармо омода аст

Ноябрь 22, 2016 15:02

Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон 15 км роҳҳои марказ ва байни ҷамоати деҳот мумфарши асосӣ ва зиёда аз 200 км роҳҳо таъмири ҷорӣ карда шуданд. Ин корҳо асосан аз ҳисоби буҷети давлатӣ, саҳми ташкилоту идораҳо ва соҳибкорон амалӣ шудаанд.
Тавре аз Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, бар замми иҷро шудани ҳаҷми корҳои навсозии роҳ дар ин муддат 80 нафар кормандону мутахассисони муассиса барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳою таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар давраи зимистон омодагӣ гирифтаанд.
Мутахассисони роҳдории ноҳия 15 адад техникаи роҳдориро таъмир намуда, 2000 литр сӯзишворӣ, 2,5 тонна ангишт, 4,0 метри кубӣ ҳезум ва миқдори зарурии маводи зидди лағжиш захира намудаанд.
Дар тавозуни муассиса 428,1 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мавҷуданд. Захира барои давраи зимистон имконият медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ барои таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт аз он истифода карда шавад.

Ноябрь 22, 2016 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»