«Ҳосилот»-и Фархор соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон гардид

Ноябрь 3, 2016 10:32

Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар даври мавқуфгузоштаи 13-уми Чемпионати мамлакат дар Лигаи олӣ дар майдонаш бо муддаии мақоми сеюм «Регар ТадАЗ» вохӯрда, бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард ва соҳиби ҷои дуюм дар мавсими футболи соли 2016 гардид. Ин ғалаба «Ҳосилот»-ро  ҳам соҳиби медалҳои нуқра ва ҳам роҳхат ба бозиҳои Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё гардонид.

Дар вохӯрии мазкур ба соҳибони майдон натиҷаи мусовӣ кифоя буд, аммо дастпарварони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев  бо голи Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 8-ум ҳисобро кушода, дар қисми дуюм тавассути зарбаҳои легионери ганагии даста Мӯсо Содиқ ва бародарон Наврӯз ва Ҳасан Рустамовҳо боз се тӯби дигарро вориди дарвозаи Алишер Додов ва Владимир Сисоев гардониданд.

Дар ин рӯз КМВА «Помир» бар  дастаи «Равшан» дар шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ва «Хайр» дар майдонаш бар «Хуҷанд» бо натиҷаи 4:1 ғалаба карданд.

Ба ҳамин тартиб, Чемпионати имсола барои дастаҳои «Истиқлол», «Хайр», КМВА «Помир», Хуҷанд», «Вахш» ва «Парвоз» ба анҷом расид. Дар Чемпионати 25-ум  боз се вохӯрии дастаи «Барқчӣ» бо «Регар ТадАЗ», «Равшан» ва «Ҳосилот» боқӣ мондааст. Вохӯрии байни дастаҳои «Барқчӣ» ва «Регар ТадАЗ» тақдири мақоми сеюм ва медалҳои биринҷиро ҳал хоҳад кард.

Ҷадвали мусобиқот то 3 ноябр

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 18 14 3 1 67-20 45
2 «Ҳосилот» (Фархор) 17 11 4 2 39-13 37
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 17 9 2 6 35-23 29
4 «Хайр» (Ваҳдат) 18 8 5 5 29-25 29
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 18 8 3 7 23-16 27
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 8 1 9 22-37 25
7 «Барқчӣ» (Душанбе) 15 7 2 6 24-23 23
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 18 5 3 10 21-39 18
9 «Равшан» (Кӯлоб) 17 2 3 12 17-45 9
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 18 1 2 15 14-50 5

 

Нишонзанҳои беҳтарин: 

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 22 тӯб, 

Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 12

Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб

 

Ноябрь 3, 2016 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд