Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемориҳои музмини шуш: аз тамокукашӣ даст кашед!

Ноябрь 18, 2016 10:16

Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемориҳои музмини шуш ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи ноябр бо ташаббуси Ташкилоти уммумиҷаҳонии тандурустӣ ҷашн гирифта мешавад. Тибқи иттилои ТУТ аз бемориҳои музмини шуш беш аз 210 миллион нафар одамон азият мекашанд. Сабабҳои асосии вусъат ёфтани ин беморӣ кашидани сигор, дуди сигор, ғализии ҳаво ва сари вақт табобат накардани шамолхӯрӣ мебошад.
Тавре ки муовини директори Маркази саломатии шаҳрӣ Рустам Шамсиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, бемориҳои музмини шуш дар натиҷаи табобат накардан ва ё тӯл кашидани бемориҳои роҳи нафас пайдо мешаванд. «Бемориҳои музмини шуш муолиҷанашаванда буда, бемор дар тӯли ҳаёт бояд пайваста таҳти назорати духтур бошад ва аз доруҳо истифода намояд. Бемориҳои роҳи нафас бештар дар фасли тирамоҳу зимистон авҷ мегиранд»,-илова намуд духтур.
Бино ба гуфтаи Р. Шамсиддинов, барои пешгирии бемориҳои шамолхӯриву роҳи нафас кӯдакону калонсолон бояд роҳҳои пешгирикунандаи бемориро риоя кунанд.
«Дар боғчаю мактаб мураббияву муаллимон нисбат ба кӯдакон набояд беаҳамият бошанд. Дар ин мавсими сард бояд аз нӯшокиҳои газнок ва обҳои хунук худдорӣ ва ба қоидаҳои санитарӣ риоя кард. Ҳангоми сардии ҳаво бояд либоси мувофиқи мавсим пӯшид. Хеле хуб мешуд, агар мардум аз харидории маҳсулоти тезтайёр, ки дар берун нигоҳ дошта мешаванд ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй нестанд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми зоҳиршавии нишонаҳои аввали шамолхӯрӣ бояд ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат кард»,-тавсия дод мутахассиси соҳаи тиб.
Табиб илова намуд, ки мардуми мо як хислати бад доранд- ҳангоми касал шудан ба худмуолиҷа машғул мешаванд. Пас аз 7-10 рӯз, вақте ки беморӣ вазнин мегардад, баъд ба духтур муроҷиат мекунанд. «Чунин беаҳамиятӣ низ ба бемориҳои музмин оварда мерасонад. Инчунин истифодаи доруҳои гуногун низ ҳолати беморро метавонад бад намояд, зеро организми ҳар шахс гуногун буда, ба ҳар нафар доруҳои алоҳида таъсир мерасонанд»,-баён дошт Рустам Шамсиддинов.
Бемориҳои музмини шуш табобатнашавандаанд, вале табобати дуруст имкон медиҳад вусъати беморӣ пешгирӣ шавад.
Тибқи пешгӯиҳои мутахассисони соҳаи тиб, агар солҳои наздик барои пешгирии ин беморӣ тадбирҳои зарурӣ андешида нашаванд, дар даҳ соли оянда миқдори фавт аз ин беморӣ беш аз 30 фисад меафзояд. Дар доираи ин рӯз аз ҷониби ТУТ корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд. Дар ин рӯз дар тамоми ҷаҳон мутахассисон ташхисҳои тиббӣ гузаронида, байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд.
Иқдоми муҳим ва зарурӣ- ин мубориза бар зидди тамокукашӣ мебошад.

Лайло Қосимова

Ноябрь 18, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд