«Суғдсинамо» дар Панҷакент «Тангно»-ро ба навор мегирад
Душанбе, 04.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар поёни сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни наворбардории филми нави Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» шинос шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҷараёни сабтро мушоҳида намуда, бо коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар оид ба таҳияи филми нав суҳбат намуд. Айни замон дар ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» банаворгирии филми нав бо номи «Тангно» аз рӯи асари нависандаи шинохтаи тоҷик Сорбон идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл филми дигари ин гурӯҳи эҷодӣ бо номи «Коса» дар фестивали кушоди байналмилалӣ дар Лондони Британияи Кабир ба гирифтани ҷоиза мушарраф гардид.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






