Тоҷикистон ва Шри-Ланка ҳамкориро бо мақсади рушди муносибатҳои иқтисодӣ густариш медиҳанд

Ноябрь 24, 2016 14:24

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид комиссари олии Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии Шри-Ланка Маҷор Ҷанат Локукетагодагро ба ҳузур пазиуфт.
Тавре аз Маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Шри-Ланкаро баррасӣ намуданд.
«Муҳим он аст, ки субъектҳои хоҷагидори кишварҳои мо бояд пайваста дар ҳоли тақвиятбахшии муносибатҳои корӣ бошанд. Барои амалисозии ин мақсад ба мо лозим аст, ки муносибатҳои тиҷоратиро бо роҳи гузаронидани рӯнамоиҳо, намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратӣ тақвият бахшем»,-изҳор дошт Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар гардида, қонунҳои нав ба шароити фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонидаанд.
Дар навбати худ Маҷор Ҷанат Локукетагодаг зикр намуд, ки «намояндагони доираҳои кории Шри-Ланка ба ҳамкории дуҷониба бо шарикони тоҷикистонии худ ҳавасманданд».

Ноябрь 24, 2016 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд