Тоҷикистону Афғонистон: «Имкониятҳои транзитии Афғонистон бояд барои рушди тиҷорати байниминтақавӣ хидмат кунанд»

Ноябрь 12, 2016 10:45

Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар/. Дирӯз раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулғаффори Орзуро ба муносибати анҷомрасии ваколати дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ дода, илова карданд, ки дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкории ду кишвари ҳамсарҳад таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи талошҳои муштараки роҳбарони сатҳи олии ҳар ду кишвар ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бемайлон густариш ёфта, ба манофеи мардумони ду кишвар равона шудааст.
Тоҷикистон ба густариши бештари муносибатҳои тиҷоратӣ, ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гузаронидани ҳамоиши сармоягузорон, анҷумани тоҷирон, намоишҳои бузурги муштараки иқтисодӣ ва аграриву саноатӣ пайваста кӯшиш мекунад. Аксари лоиҳаҳои иқтисодӣ ва зерсохтории иҷтимоӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, ки дар Тоҷикистон татбиқ шудаанд ва ё дар ҳоли татбиқ шудан қарор доранд, пулҳое мебошанд, ки Афғонистонро дар ояндаи наздик ҳамчун шарики муҳими иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он пайваст хоҳад кард.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот бо Абдулғафури Орзу изҳор кард, ки «Тиҷорат ва транзит дар замони муосир яке аз муҳаррикони муассири иқтисоди ҷаҳонӣ ва омили тақвияти тамосҳои байниинсонию байнифарҳангӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин лиҳоз, мо бар ин назар ҳастем, ки долонҳои нақлиётӣ ва масъалаи ҳамлу нақли транзитӣ, бахусус тавассути Афғонистон, набояд ба абзори сиёсӣ табдил ёбанд ва ин мавзӯъҳои ҳассос набояд барои пиёдасозии манфиатҳои кутоҳмуддати сиёсӣ истифода шаванд. Имкониятҳои транзитии Афғонистон бояд барои рушди тиҷорати байниминтақавӣ хидмат кунанд ва ин кишвари дӯст аз тиҷорату транзит ҳамчун абзори муассири инкишофи иқтисодии кишвар ва ҳамкориҳои судманди минтақавӣ истифода кунад. Зеро тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ҳам ба нафъи мардуми Афғонистон ва ҳам ба нафъи рушди босуботи минтақа аст».
Маврид ба ёдоварист, ки сафари нахустини Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11-и майи ҳамин сол сурат гирифта буд. Ҳамчунин дар ҳошияи иҷлосияи сарони СҲШ (Созмони Ҳамкории Шанхай) мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ 23 июни соли 2016 дар Тошканд баргузор гардид. Дар баробари ин, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои иштирок дар маросими расмии ифтитоҳи амалишавии лоиҳаи КАСА-1000 рӯзҳои 1112 майи соли 2016 ба Душанбе ташриф оварда буд.

Ноябрь 12, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад