«Туризм-омили муҳими иқтисоди миллӣ»: ҳафтаи муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон

Ноябрь 11, 2016 17:30

Душанбе, 11.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ тӯли ин рӯзҳо дар маркази диққати доираҳои дӯстдорони сайру саёҳати Олмон қарор дорад. Дар оғози ҳафтаи равон дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Берлин зери унвони «Туризм-омили муҳими иқтисоди миллӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва парлумони Олмон, инчунин доираҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва васоити ахбори оммаи ин кишвар барномаи илмию фарҳангӣ баргузор шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба иштирокчиён роҷеъ ба ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидаанду бояд ба ҷалби доираҳои сармоягузорӣ ва сайёҳони кишвари иқомат ба Тоҷикистон мусоидат намоянд, иттилоъ дод.
Зимни чорабинӣ коршиносони масоили туризм, аз ҷумла муаллифи китоби «Роҳнамои Тоҷикистон» Дагмар Шрайбер ва Маттиас Пёшел, нуқтаи назари худро роҷеъ ба туризм ҳамчун омили муҳими иқтисоди кишвар арзёбӣ карданд, ки он метавонад ҳамчун сарчашмаи ғанисозии буҷаи миллӣ ва ҷойҳои нави корӣ хизмат кунад.
9 ноябр бо ибтикори Ассотсиатсияи экотуризми Тоҷикистон (PECTA) дар бузургтарин фурӯшгоҳи лавозимоти сайёҳии Олмон-«Globetrotter» дар шаҳри Берлин намоиши таблиғотӣ баргузор гардид.
Тибқи барномаи Ассосиатсияи экотуризми Тоҷикистон тӯли ҳафтаи равон дар шаҳрҳои Дрезден, Мюнхен, Штуттгарт, Ҳамбург ва Франкфурти лаби Майн чунин намоишҳо ба хотири ҷалби доираҳои дӯсторони сайру саёҳати Олмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд.

Ноябрь 11, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд