Булғория, Юнон ва Эстония ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол интихоб шуданд

Декабрь 19, 2016 13:34

ДУШАНБЕ, 19.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Булғория, Юнон ва Эстония дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки аз 8 то 21 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия мегузарад, қувва меозмояд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
«Тибқи қуръакашӣ дастаҳо ба 4 гурӯҳ ҷудо шуданд ва ин бозиҳо дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешаванд»-хабар дод манбаъ.

Тибқи низомномаи мусобиқа 16 даста дар чор гурӯҳ бо ҳам мусобиқа меороянд. Ду дастаи беҳтарин аз гурӯҳҳо муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд ва бо ҳам ҷойҳои аз 1 то 8-умро тақсим мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар вохӯриҳои плей-офф барои худ ҷойҳои боқимондаро муайян менамоянд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои марҳалаи аввалро дар шаҳри Душанбе оғоз кард ва то 30 декабр идома медиҳад. Ба ҳайати даста мураббиён 29 бозингарро даъват кардаанд, ки аз онҳо 18 нафарашон ба мусобиқа фиристода мешаванд.
Натиҷаи қуръакашии мусобиқа барои хотира ва Ҷоизаи Валентин Гранаткин чунин аст:
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон,Булғория, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Россия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон , Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт-Петербург, Эрон.

Декабрь 19, 2016 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд