Дар Хатлон марҳилаи дуюми сохтмони роҳҳои дохилишаҳрии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб оғоз гардид
ҚӮРҒОНТЕППА, 19.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбасти марҳилаи аввал ва оғози марҳилаи дуюми сохтмони роҳҳои дохилии мошингарди шаҳрҳои Қӯрғонтеппа-Кӯлоб оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр кард, ки сохтмони роҳҳо яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо ҳамеша таҳти назорати худ қарор додаанд. Дар доираи марҳилаи якуми корҳои сохтмонӣ 6,2 км роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва 5,8 км роҳҳои шаҳри Кӯлоб таъмир ва таҷдид мегарданд. Дар марҳилаи дуюм дар назар аст 8,9 км роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва 11,3 км роҳҳои шаҳри Кӯлоб аз таъмир ва таҷдид бароварда шаванд»,-хабар дод манбаъ.
Маблағи корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шуда, пудратчии лоиҳа ширкати «China Road» ба ҳисоб меравад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






