Дар ноҳияи Файзобод роҳпаймоӣ таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид
ФАЙЗОБОД, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сокинони ноҳияи Файзобод дар чойхонаҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастаҷамъона Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба воситаи оинаи нилгун тамошо намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия Розия Қаландарова иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, бархе аз сокинон изҳор доштанд, ки нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш истифода мебаранд.
«Дар Паём барномаи Ҳукумати мамлакат барои соли оянда ва солҳои минбаъда ва вазифаҳои стратегии ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд. Ман боварии комил дорам, ки дар оянда корҳои созандагию бунёдкорӣ идома меёбанд ва кишварамон аз мамлакати аграрӣ ба мамлакати индустриалию аграрӣ табдил меёбад. Зиндагии мардуми тоҷик боз ҳам хубтар мегардад»,-иброз дошт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия Сафарбек Нурзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми Паём дар ноҳия роҳпаймоӣ таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.











Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






