Дар рӯзҳои охири моҳи декабр боришот дар назар аст

Декабрь 27, 2016 08:55

ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 декабр дар тамоми ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон ва дар баъзе минтақаҳо барф пешгӯйӣ мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориши борон шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 2 то 7 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 1 то 6 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 2000 ҳазор метр бориши барф ба қайд гирифта шудааст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 4 то 9 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯйӣ шуда, дар баландиҳои 2000 метр барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бориши борон дар назар аст. Дар баландиҳои 1500 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 5 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 27, 2016 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид