Дар шаҳри Норак то соли 2020 -167 лоиҳа амалӣ мегардад
НОРАК, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Норак барои солҳои 2016 2020» дар соли 2016 дар шаҳр бист лоиҳа амалӣ гардидааст, ки ҳаҷми маблағҳои лоиҳаҳои амалигардида 84104,2 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши иқтисод ва савдои шаҳр Идибек Султонов иттилоъ дод.
«Дар асоси барномаи мазкур то соли 2020- 167 лоиҳа бо маблағи 822616,4 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин 7 лоиҳа ба соҳаи саноат, 14 лоиҳа ба соҳаи кишоварзӣ, 17 лоиҳа ба соҳаи соҳибкорӣ, 26 лоиҳа ба соҳаи маориф, 15 лоиҳа ба соҳаи тандурустӣ ва 14 лоиҳа ба соҳаи фарҳанг тааллуқ дорад»,-зикр кард манбаъ.
«Айни замон дар ҳудуди шаҳри Норак 42 лоиҳа амалӣ мегардад. Аз он 28 лоиҳа дар соҳаҳои кишоварзию соҳибкорӣ ва маориф амалӣ гардида истодааст»,-таъкид кард Идибек Султонов.