Дар ҳудуди ноҳияи Б. Ғафуров зиёда аз 40000 дона маводи тарфгарии навъи «Трения» дарёфт гардид
Душанбе, 03.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ду нафар ҷавонро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 2000 дона ва аз сокини 18-солаи ноҳияи Ашт 40 000 дона маводи тарфгарии навъи «Трения» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 7 апрели соли 1997 ворид намудан ва фурӯши маводи тарфгарӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






