«Дунёи дониш» роҳнамо дар бораи «Dushanbe city»-ро нашр кард
ДУШАНБЕ,20.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Дунёи дониш» таҳти унвони «Dushanbe city» роҳнамо ба нашр расонид, ки барои сайёҳон дастурамали муфид арзёбӣ мегардад. Муаллиф ва мураттиби роҳнамо суратгири нашрияи «Паёми Душанбе» Неъматулло Алиев саъй намудааст, ки дар маҷмӯа-роҳнамо беҳтарин аксҳои худро доир ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ, савдо, меҳмонхонаҳои пойтахт, инчунин ёдгориҳои меъморию таърихие, ки дар атрофи пойтахт воқеъ мебошанд, гирд оварад.
Ҳамзамон хонандагон имкон доранд аз маҷмӯа-роҳнамо доир ба таърихи пойтахт, мавқеи ҷуғрофӣ, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва пешрафтҳои чашмраси Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро бо забонҳои русӣ ва англисӣ дастрас намоянд.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






