Футбол: «Панҷшер» барои ғалаба дар Лигаи якум бо медалҳои тилло сарфароз гардид

Декабрь 29, 2016 09:39

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дирӯз барои ғалабаи шоёнаш дар чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи якум бо ҷом ва медалҳои тилло сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад.
Дастаи «Панҷшер» дар мавсими соли 2016 аз 24 вохӯрӣ дар 19- тоаш ғалаба карда, ду бозиро мусовӣ ва се бозии дигарро бо бохт ҷамъбаст кард. Даста бо касби 59 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардид. Дар ҷараёни супоридани медалҳо ва Ҷоми мусобиқот беҳтарин бозингарон аз ҷониби роҳбарияти дастаи «Панҷшер» бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷониби ФФТ медалҳоро директори генералии Лигаи миллии футбол Алишер Урунов ва раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон (ФФВХ) Исроил Шарифов тақдим карданд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамлагари дастаи «Панҷшер» Абдухалил Боронов ҳафтаи гузашта аз ҷониби ФФТ барандаи унвони беҳтарин бозингари Лигаи якум эълон шуда буд.
«Панҷшер» соли оянда ба қатори дастаҳое, ки дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, шомил шуд. Даста дар сурати ба талаботи нави ФФТ ҷавобгӯ шудан дар Лигаи олӣ дар мавсими футболи соли 2017 иштирок мекунад.

Декабрь 29, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд