Фёдор Смоловро рӯзноманигорони рус беҳтарин футболбози Россия интихоб карданд

Декабрь 29, 2016 09:30

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари клуби футболи «Краснодар»-ро рӯзноманигорони рус ба ҳайси беҳтарин футболбози соли 2016-и Россия интихоб карданд. Пурсиш аз ҷониби ҳафтаномаи «Футбол» гузаронида шуд. Дар ин бора «lenta.ru» хабар медиҳад.
Дар овоздиҳӣ 308 рӯзноманигор ва намояндагони марказҳои матбуотӣ ширкат варзиданд. Дар натиҷа Фёдор Смолов бо 544 имтиёз аз Квинси Промеси ҳоландии дастаи «Спартак»-и Москва 125 хол пеш гузашт ва ғолиб шуд. Игор Акинфеев, дарвозабони дастаи ССКА соҳиби ҷои сеюм гардид.
Дар соли 2016 Смолов дар премйер лигаи Россия ва Лигаи Аврупо дар 29 бозӣ ширкат карда, ба дарвозаи ҳарифон 29 тӯб задааст.  Ӯ беҳтарин нишонзани мавсими футболи 2015-2016 Россия ба ҳисоб меравад.

Декабрь 29, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд