Худобердӣ Холиқназар: «Тоҷикистонро ояндаи нек ва дурахшон дар пеш аст»

Декабрь 21, 2016 15:30

«Муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар тӯли 15 соли оянда низ ҳамчун ҳадафи олии стратегии мо боқӣ мемонад»
Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 21.12.2016/АМИТ «Ховар»/. «Табақаи миёнаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» аз 22 то ба 55 дарсад расонида мешавад». Ин матлаб дар доираи баргузории ҳамоиши илмию коршиносӣ таҳти унвони: «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030: афзалиятҳо ва механизмҳои амалигардонӣ», ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.
«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» муҳимтарин ҳуҷҷати стратегии рушди кишвар ба шумор рафта, он фарогири бахшҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст», гуфт Худобердӣ Холиқназар Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар. Мавсуф зикр кард, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», дуюмин Стратегияи миллии рушд дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо назардошти омил ва равандҳои дохилию хориҷӣ ва дар партави татбиқи муҳимтарин рукнҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул шудааст. Худобердӣ Холиқназар таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 15 соли охир суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконияти васеи рушдро барои кишварамон фароҳам овард. Дар ин росто тамоми сармоягузорон, созмонҳо ва институтҳои бонуфузи молиявӣ, хусусан ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари мо эътимод доранд, зеро Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявию демократӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин раванд имкон медиҳад, ки тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ аз кишвари мо пуштибонӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлати рушдро фарогир буда, ҳадафи он муҳайё намудани зиндагии шоиста ва арзанда барои аҳолии кишвар аст, зеро дар назар аст, ки дар доираи татбиқи ин ҳуҷҷати муҳим сатҳи камбизоатӣ дар кишвар , ки алҳол 31,8 %-ро ташкил медиҳад, ду баробар коҳиш дода шавад. Инчунин Тоҷикистон ба сатҳи давлатҳои даромадашон миёна шомил гардида, аз рӯи нишондоди рушди иқтисод кишвари мо дар миқёси кишварҳои ҷаҳон зинаи муносибро касб намояд. Барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» 118 миллиард доллари амрикоӣ аз буҷети кишвар, бахши хусусӣ ва шарикони рушд сарф карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи татбиқи ин санади муҳиму стратегӣ рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар дар мадди аввал гузошта шудааст. Ин -гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, дар ин замина татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии энергетикӣ, назири CASA-1000 ва аз 17 то 45 миллиард кВт соат ё се баробар афзоиш додани иқтидори энергетикии кишвар дар як сол, инчунин раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, рушди неруи инсонии кишвар ислоҳот дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва аз кишвари аграрӣ ба давлати аграрӣ-саноатӣ мубаддал гардонидани Тоҷикистон аст.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони соҳа доир ба паҳлӯҳои гуногун, афзалиятҳо ва механизмҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ибрози назар намуданд.

ssi-6 ssi-2

Декабрь 21, 2016 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»