Кашфи беш аз 600 кони канданиҳои фоиданок дар кишвар

Декабрь 27, 2016 17:16

ДУШАНБЕ, 27.12.2016/АМИТ «Ховар»/. «Алҳол дар Тоҷикистон 600 кон ва 800 зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф ва омӯхта шудаанд, ки ин боигарии табиӣ қисман барои истифодаи саноатӣ омодаанд»,-гуфт Садриддин Шарипов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар муҳокимаи парлумонӣ, ки оид ба масъалаи «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» имрӯз дар Душанбе доир гардид. Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки инҳо конҳои ангишт, сурб, рӯҳ, мис, висмут, сурма, симоб ва дигар металлҳои асил буда, беш аз 50 намудро ташкил медиҳанд. Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ҷиҳати мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда ва банақшагирифташуда буда, ба таъмини талаботи саноати кишвар ба захираҳои ашёи минерелӣ ва кам кардани вобастагии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз воридоти ашёи маъданӣ вобастагӣ дорад.
Дар муҳокимаи парлумонӣ зикр шуд, ки яке аз маъданҳои асосӣ ҷиҳати истеҳсоли гилхок, ки барои ширкати «Талко» зарур аст, ин боксит буда, захирааш дар ҷаҳон кам шуда истодааст. Аз ин бармеояд, ки нархи маҳсулот минбаъд ба тадриҷ баланд мешавад. Бояд зикр кард, ки боксити баландсифат дар кишварҳои Австралия, Гвинея, Бразилия (71,2% истихроҷи боксит дар ҷаҳон) ва Ямайка, Суринам, Гайана (15,5%) истеҳсол карда мешаванд, ки дастрас карданаш барои Тоҷикистон мушкилиҳо дорад. Аз ин рӯ, тақозои замон аст, ки дар Тоҷикистон маъдани хокаи алюминийдор омӯзиш, кашф ва мавриди истифода қарор дода шавад. Дар ин росто, ҷустуҷӯи ашёи дорои алюминий дар се минтақаи алоҳида — Бодомдара, Зонг ва Курговат /Дарвоз/ Помири Ғарбӣ гузаронида шуд. Аз ин минтақаҳо минтақаи Курговат ояндадор арзёбӣ мегардад.

Декабрь 27, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад