Минбаъд ҳамаи минтақаҳои кишвар дар як шабонарўз 12 соат барқ мегиранд

Декабрь 14, 2016 11:41

ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 14 декабри соли 2016 таъминоти барқ барои минтақаҳое, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, боз як соат зиёд шуд. Дар ин бора аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.
Ин имконият баъди пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» пайдо гашт.
Акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар дар тӯли як шабонарўз 12 соат- пагоҳӣ аз соати 05-00 то 11-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 то 22-00 барқ мегиранд.
Барои риояи ҳатмии ин ҷадвал роҳбарони ҳамаи шабакаҳои барқӣ аз ҷониби Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» супориши мушаххас гирифтанд. Он соатҳое, ки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла рўй додани садамаҳо муштариён барқ намегиранд, баъди аз байн бурдани садама дар дохили ҳамон шабонарўз миқдори соатҳои барқи нагирифтаашон ҷуброн карда мешавад.

Декабрь 14, 2016 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст