Муҳсин Муҳаммадиев ёварони худро интихоб кард

Декабрь 30, 2016 09:54

ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии нави дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев ҳайати ёварони худро барои мавсими футболи соли 2017 интихоб кард.
Тавре сомонаи КФ «Истиқлол» хабар медиҳад, дар мавсими футболи соли 2017 ба Муҳсин Муҳаммадиев Небойша Топалови 43- сола аз Сербия ба ҳайси ёвар ва Алишер Тӯхтаев, собиқ мураббии дастаи «Барқчӣ» ба ҳайси ёвари дуюм кумак мекунанд. Дарвозабонҳоро ба мавсими нав Александр Кулакови 60-сола аз Латвия омода месозад.
Мутахассиси серб Небойша Топалов қаблан дар вазифаи ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Қазоқистон ва тими «Жетису» фаъолият кардааст. Александр Кулаков дар ҳамин вазифа дар дастаи мунтахаби Латвия ифои вазифа кардааст. Пештар ин ду мутахассис бо Муҳсин Муҳаммадиев дастаи «Ордабаси»-ро машқ додаанд.

Декабрь 30, 2016 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд