Паёми Президент -роҳнамои фардои ҷомеа

Декабрь 28, 2016 10:45

ДУШАНБЕ, 28.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба соҳаи маориф нигаронида шудаанд, зимни нишасти илмӣ-амалие, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Паёми Президент -роҳнамои фардои ҷомеа» доир гардид, баррасӣ шуд.
Ректори Донишкада Маҳмадулло Раҷабзода дар нишаст роҷеъ ба аҳамият ва омӯзиши Паёми солонаи Президенти кишвар, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст, ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат вобаста ба соҳаи маориф сармашқи фаъолияти ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо мебошад. Ин аст, ки самтҳои асосии фаъолияти Донишкадаи забонҳо ба омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи маориф, бахусус омӯзгорони забонҳои хориҷӣ-англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Нақши Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар рушду пешрафти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва таълиму тарбия, хусусан омода намудани мутахассисони забондон дар кишвар муассир аст.
Дар нишаст устодони Донишкада доир ба паҳлӯҳои Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ табодули назар намуда, дар иртибот ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» аз ҷавонон-донишҷӯён даъват намуданд, ки дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Декабрь 28, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд