«Пойдории оила-асоси устувории ҷомеа»- ҳамоиши ҷавонон дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Декабрь 31, 2016 11:03

ДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки васеи ҷавонон ва фаъолон таҳти унвони «Пойдории оила асоси устувории ҷомеа» ҳамоиш баргузор гардид. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баргузории чунин ҷамъомадҳо дар доираи амалӣ намудани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018» ва пешгирии никоҳи хешутаборӣ миёни ҷавонон, ба ин васила баланд бардоштани маърифати оиладорӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ мегардад.
Дар ҳамоиш доираи васеи ҷавонон миёни ҳам оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои ноустувори он, сабаб ва омилҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбия ва ба камол расонидани кӯдакон дар муҳити оилаҳои ҷавон, вазъи иҷтимоию иқтисодии оилаҳо ва таҳаммулпазирию эҳтироми тарафҳо ибрози андеша намуданд.

Декабрь 31, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ