Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 07.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Мирзо Файзалӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар синни 74 даргузашт. Бино ба иттилои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, қалби шоир рӯзи гузашта аз тапидан бозмонд.
Мирзо Файзалӣ 9 майи соли 1942 дар рустои Чиртаки ноҳияи Ваҳдат таваллуд шуда, соли 1966 баъди адои хизмати ҳарбӣ дар рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр») ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст. Соли 1973 шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, чанд муддат котиби масъули рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» (ҳозира «Набзи Файзобод») ва беш аз даҳ сол мудири шуъбаи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат буд.
Давоми беш аз 40 соли машғул будан ба кори эҷодӣ маҷмӯаҳои назмию насрии ӯ, монанди «Шери тағош» (1984), «Кӯршапарак» (1989), «Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ» (1991), «Кайф аз Самак то бар Само» (1996), «Қотили қотилон» (1998), «Сангари номус» (2001), «Бо додҳо, фарёдҳо» (2002), «Чамани ёдҳо» (2004), «Ману Ватан» (2006), «Ба шумо дурӯғу ба Худо рост» (2005), «Шов-шови мардум» (2007), «Гӯри гумшуда» (2008), «Гулхори чида-чида» (2011) ва «Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст» (2014) ба нашр расидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






