Симпозиуми Ҳаким Тирмизӣ меҳмонони дохиливу хориҷиро дар Душанбе ба ҳам овард
ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Симпозиуми байналмилалии илмии «Арзишҳои таърихию фарҳангии замони Ҳаким Тирмизӣ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ» бахшида ба 1250-солагии зодрӯзи донишманд ва мутафаккири бузург Абӯабдулло Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн Ҳаким Тирмизӣ (755-869) имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс оғоз бахшид.
Франсис Ричардс, намоянда аз Фаронса зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки Тирмизӣ як инсони фавқулода буд. «Падари Тирмизӣ мусулмон буд ва ӯ дониши аввалро аз падар гирифта буд. Масири ирфонии Тирмизӣ барои муҳаққиқон ва олимон хеле ҷолиб ва омӯхтанист»,-илова намуд мусоҳиб.
Иброҳим Усмонов, намоянда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баён дошт, ки Ҳаким Тирмизӣ шахси хеле машҳур аст ва ба қалами ӯ 404 асари хурду калон тааллуқ доранд. «Аз ҷумла «Наврӯзнома» ва «Солнома» асарҳои машҳури ин хакими бузург мебошанд. «Наврӯзнома» натиҷаи таҳқиқоти бисёрсолаи Ҳаким Тирмизӣ ба шумор меравад. Ҳар сол дар Самарқанд ва Бухоро ба хотири бузургдошти алломаҳои бузург ва шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Ҳаким Тирмизӣ ҳамоишҳои калон баргузор мегарданд»,-афзуд И. Усмонов.
Бояд гуфт, ки дар кори симпозиум олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Франсия ва Россия иштирок доранд.
Дар симпозиум маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Густариши андешаҳои ҳакимонаи Ҳаким Тирмизӣ дар сарчашмаи қадимии форсии «Китоб-ал-иршод», «Ҳаким Тирмизӣ ва диди ӯ доир ба авлиёҳо», «Вазъи илм дар замони Ҳаким Тирмизӣ», «Имом Тирмизӣ- чеҳраи намоён дар ҳадисшиносӣ», «Фазои маънавии замони Ҳаким Тирмизӣ», «Тиб дар бостон ва то замони Сомониён» ва ғайра баррасӣ мегарданд.
Кори симпозиум то бегоҳ идома меёбад.
















Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






