Тевес ба дастаи «Шанхай Шенхуа»-и Чин гузашт

Декабрь 29, 2016 10:59

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Аргентина ва КФ «Бока Хуниорс» Карлос Тевеси 32-сола ба дастаи «Шанхай Шенхуа» гузашт. Дар ин бора «TransferMarkt China» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои рӯзномаи «Daily Mail» маоши Тевес дар клуби наваш дар як ҳафта 615 ҳазор фунт стерлингро (763,5 ҳазор доллар) ташкил медиҳад, ки ин маоши аз ҳама баландтарин дар ҷаҳони футбол мебошад.
Тевес дастпарвари клуби футболи «Бока Хуниорс» буда, соли 2015 баъди ҳунарнамоиаш дар клубҳои Аврупо («Вест Хэм», «Манчестер Юнайтед», «Манчестер Сити» ва «Ювентус») аз нав ба ин даста баргашт. Аз соли 2004 дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина ҳунарнамоӣ дорад. Дар 76 бозии дастаи мунтахаб иштирок карда, ба дарвозаи ҳарифон 13 тӯб задааст. Тевес дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвараш соли 2004 чемпиони олимпӣ (Афина), сазовори медалҳои нуқраи Ҷоми конфедератсия (2005) ва се маротиба соҳиби медалҳои нуқраи Ҷоми Амрико (2005, 2007, 2015) гаштааст.

Декабрь 29, 2016 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд