Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ»
Душанбе, 05.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ» дирӯз дар Маркази захираҳои исботшудаи тиб (МЗИТ) баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.
«Тренинги мазкур баҳри баланд бардоштани савияи дониши ординаторони клиникӣ оид ба истифодаи самараноки асосҳои тибби исботшуда дар амалияи клиникӣ равона гардида, дар он зиёда аз 15 нафар ординаторони клиникии соли аввали таҳсил иштирок доштанд»,- зикр намуд манбаъ.
Бино ба маълумоти манбаъ, пеш аз оғози тренинг аз иштирокчиён ба таври тестӣ санҷиш гирифта шуд. Маълум гардид, ки аксарияти ординаторони клиникӣ оид ба тибби исботшуда маълумоти кофӣ надоранд.
Дар тренинг ба ординаторон оид ба мавзӯъҳои мубрами тибби исботшуда- «Тибби исботшуда ва таҷрибаи клиникӣ», «Дизайни тадқиқоти илмӣ», «Таҳияи суол ва ҷустуҷӯи маълумоти эътимоднок», «Ҷустуҷӯ ва додани баҳои критикӣ ба маълумот», «Дастурамалҳои клиникӣ» ва «Тибби исботшуда ва рекламаи тиббӣ» иттилои васеъ пешниҳод гардид.
«Тренинги омӯзишӣ дар 5 марҳила байни ординаторони клиникии соли аввали таҳсил гузаронида мешавад»,-хабар дод манбаъ.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






