28 январ-Рӯзи умумиҷаҳонии бекорон: Порсол дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд
ДУШАНБЕ, 28.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии бекорон ҳамасола 28 январ ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти шуғли аҳолӣ мебошад.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2016 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ беш аз 119 ҳазор нафар муроҷиат намудаанд, ки 77 ҳазору 349 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба 51 299 нафар расман мақоми бекор дода шудааст.
Бино ба иттилои вазорат, дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ» барои таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои кории нав ва бокортаъминсозии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд Аз ҷумла, тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 39 067 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки 112,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2 876 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3 946 нафар соҳиби ҷои кор шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 11 106 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид.
Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 702 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. 5 606 нафар корҷўй дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷои гардиданд. Ба 6 144 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуда, 1778 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.
Дар асоси 246 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 6 818 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 18 540 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.
Дар маҷмўъ, дар соли 2016 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 193 639 нафар хизматрасонии иҷтимоӣ расонида шуд.
Мувофиқи маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли 2016 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар маҷмўъ 114 368 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршудаи корӣ таъсис дода шудаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






