47 нафар занон дар Сарбанд «хона ба хона» Паём мерасонанд

Январь 6, 2017 10:59

ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сарбанд аз ҳисоби 47 нафар занони фаъол 11 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҷиҳати ба мардум расонидани муҳтавои Паёми навбатии Сарвари давлат, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҳалҳо фаъолияти худро идома медиҳанд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрие, ки муовини раиси шаҳри Сарбанд Наргис Қурбонова бо як гурӯҳ фаъолзанони шаҳр доир намуд, зикр гардид, ки ин амал барои таъсирбахш ва самаранок намудани фаъолияти гурӯҳҳо, ки асосан бо усули «Хона ба хона» ба роҳ монда мешаванд, огаҳӣ ёфтан аз зиндагиву рӯзгори ҳар як сокини шаҳр, пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, беҳудагардӣ, нашъамандӣ, бегонапарастӣ ва баланд бардоштани маданияти шаҳрдории сокинон заминаи хубу самарабахш мегузорад.

Январь 6, 2017 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст