Қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад

Январь 7, 2017 10:12

ДУШАНБЕ, 7.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДПДТТ) дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ- назариявӣ оид ба қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, доир гардид.

Тавре ки Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни ҳамоиш Хуршед Мақсудов, муовини ректор оид ба таълими донишкада иқдоми навбатии Сарвари давлатро оид ба ҳифзу нигаҳдошти бебаҳотарин неъмати табиат дар миқёси олам бесобиқа унвон кард. Маҳз бепарво набудан ба хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ Пешвои миллатро водор сохт, то бо пешниҳодҳои башардӯстонаи худ, амсоли эълон шудани соли 2003 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об  ва ниҳоят қатъномаи мазкур ҷаҳониёнро дар атрофи ин мавзӯи муҳим сарҷамъ намояд.

Зафар Қаюмзода, прокурори калони Прокуратураи вилояти Суғд таъкид кард, ки мақсад аз эълони ин рӯз баланд бардоштани маърифати мардум оид ба муҳимияти манбаъҳои об, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин равона сохтани таваҷҷуҳи ҳукуматдорон, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва омма барои андешидани тадбирҳои фаъолона ҷиҳати ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад.

Дар конфронс олимон Анвар Ҳоҷиев, Толмас Сайфуллоев ва Абдуллоҷон Насруллоев дар мавзӯъҳои «Об сарчашмаи рушди устувори энергетикии Тоҷикистон», «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ- вазифаи муҳим» ва «Ташаббусҳои умумибашарии Тоҷикистон оид ба об» маърӯза карда, зикр намуданд, ки қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Январь 7, 2017 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст