Агентии обуҳавошиносӣ: Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе ҳаво бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 7.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар пойтахти кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо барфи кӯтоҳмуддат меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 5 дараҷа хунукӣ, рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар кӯҳҳо шабона аз 10 то 15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок, туман ва дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 10 то 15 дараҷа хунукӣ ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барфи кӯтоҳмуддат меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунукӣ, рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад. Дар кӯҳҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5 дараҷа хунук, рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






