«Ҷавонон бар зидди экстремизм»- ҳамоиш дар Суғд
ДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ ва рушди радикализм миёни ҷавонон чун проблемаи ҷиддие, ки барои давлату миллати тоҷик пайомадҳои сангин дорад, зимни ҳамоише, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир намуд, баррасӣ гардид.
Тавре аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҳамоиш, ки таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар ҳалли проблемаи пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ» баргузор шуд, иштирокдорон дар бораи зарурати мубориза бо экстремизму терроризм ва аҳамияти пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон андешаҳои худро баён доштанд. Сарфароз Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зикр намуд, ки сабаби аслии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бехабарӣ ва маълумоти дуруст надоштани ҷавонон дар бораи идеология ва ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мебошад.
Дар ҳамоиш пешниҳод шуд, ки ин гуна мушкилотро, ки пур аз хатар ба амният ва осудагии мардуми кишвар мебошанд, бо пеш бурдани тарғибот ва анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон ва ошкор намудани зарарнокии гурӯҳҳои экстремистӣ, омӯзиш ва фаҳмонда додани технологияҳои бо роҳи фиреб ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ пешгирӣ кардан мумкин аст.
Фирдавс Ҳоҷиев, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд зикр намуд, ки фаъол намудани донишҷӯён-аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон метавонад барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мусоидати бузург намояд. Зеро донишҷӯён ҳамеша бевосита бо ҷавонону наврасон фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ барои пешгирии экстремизму терроризм кор бурдани онҳо дар байни ҷавонон самаранок ва муассир хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






