Ҷавонон-ифтихори миллатанд! Дар ДДЗТ оид ба эълони соли ҷавонон ҷамъомад доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя расонидани онҳо ва баланд бардоштани нақши намояндагони ин насли ояндасози кишвар дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 декабри соли 2016 зимни баёни Паёми солона ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуданд». Ин суханон дирӯз дар ҷамъомади калон бо иштироки масъулини Вазорати корҳои дохилӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода баён карда шуданд.
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзода дар назди устодону донишҷӯёни ин донишкада оид ба паҳлӯҳои фаъолияти ҷавонон, хусусан донишҷӯён ибрози назар намуд.
«Аҳли ҷомеа донишҷӯро чун шахси фарҳангиву маданӣ медонанд, ки бо рафтору муносибат, дарку фаҳмиши баланд ва фарди худогоҳу худшинос будан аз дигар табақаҳои ҷомеа тафовут дорад. Аммо бисёр дардноку нанговар аст, ки имрӯз бархе аз донишҷӯён бо амалу кирдорҳои ношоистаашон ба ин номи пуршараф иснод меоранд»,-зикр кард мавсуф.
Масъулини ВКД донишҷӯёнро бо эълони соли ҷавонон табрик намуда, изҳори умед карданд, ки ин ташаббуси наҷиби Пешвои миллат дар роҳи амалисозии нақшаву ниятҳои неки ин қишри пешбарандаи ҷомеа барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






