Ҷавонони Япония дар чорабиниҳои фарҳангии Соли ҷавонон иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар чорабиниҳои фарҳангие, ки дар Соли ҷавонон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол баргузор менамояд, ҷавонони Япония низ иштирок менамоянд. Ин даъват аз ҷониби Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода зимни вохӯрӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония Ҳаҷиме Китаока ба амал оварда шуд. Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки ҷавонони ҳарду кишвар ба ин васила бо ҳаёт ва фарҳанги якдигар шинос шуда, барои дӯстию рафоқати ҷавонони ин кишварҳо заминаи устувор мегузоранд.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкорӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон мубодилаи афкор намуданд.
Аҳтам Абдуллозода қайд намуд, ки иқтидори васеи Кумита барои ҳамкориҳои манфиатбахшу эҳсосшаванда дар заминаи 132 мактабҳои варзишӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо шумораи зиёди наврасону ҷавонон ҳамарӯза ройгон тамрин менамоянд ва дар он гуруҳҳои намуди ҷудо фаъолият менамояд, ки ба ин васила машқварзон аз фарҳанг ва таърихи мардуми Ҷопон огоҳӣ пайдо менамоянд.
Ҳаҷиме Китаока омодагии хешро барои ҳамкорӣ иброз намуда, зикр кард, ки дзюдо ин фарҳанги миллии Япония ба ҳисоб меравад ва он ба гӯштингирии миллии тоҷикон наздикӣ дорад.
Маҳз ҳамин наздикӣ аст, ки имрӯз наврасону ҷавонони зиёди миллати тоҷик ба намуди миллии гӯштини дзюдо рӯй овардаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






