«Барқи тоҷик»: Пагоҳ маҳдудияти рӯзонаи барқ дар саросари кишвар барҳам дода мешавад

Январь 4, 2017 17:07

ДУШАНБЕ, 4.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 январи соли равон дар саросари мамлакат маҳдудияти рӯзонаи барқ пурра аз байн бардошта мешавад.
Дар ин бора аз Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», шурӯъ аз 5 январи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли неруи барқ зиёд шуда, аз соати 5-и субҳ то 22-и шаб дар тамоми кишвар ба таври доимӣ неруи барқ интиқол дода мешавад.
Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» сабаби рӯзона ба таври доимӣ додани неруи барқро аз истифодаи оқилонаи барқ, ба кор оғоз кардани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва баланд шудани оби дарёи Вахш маънидод карданд.
«Сухан танҳо сари бардоштани маҳдудияти рӯзона меравад. Ҳоло дар мавриди шабона додани барқ сухан гуфтан барвақт аст, зеро нав моҳи дуюми зимистон шурӯъ шудаву ҳоло хунукиҳо дар пешанд»,-хабар додааст манбаъ.
Ба иттилои ширкат, акнун сокинони навоҳии кишвар ба ҷои 12 соат неруи барқи пешина 17 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Зимнан ШСХК «Барқи Тоҷик» аз муштариён эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки неруи барқро самараноку сарфакорона истифода намуда, ҳаққи онро сари вақт пардозанд.

Январь 4, 2017 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид