«Барқи тоҷик»: Шурӯъ аз имрӯз таъминоти барқ боз як соат зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба маълумоти тамоми сокинони кишвар мерасонад, ки вобаста ба муҳайё гардидани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, аз имрӯз, 6 январи соли 2017 таъминоти барқ боз як соат зиёд шуд.
Ба иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», шурӯъ аз имрӯз тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 23.00 бемаҳдудият бо барқ таъмин карда мешаванд. Акнун сокинони навоҳии кишвар ба ҷои 12 соат неруи барқи пешина 18 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф кардани норасоии неруи барқ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва як қатор неругоҳҳои хурди барқи обӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Таҷдиду навсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда оғоз шуданд. Инчунин хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220, 110 киловолта ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд гардиданд.
Соли 2016 бо ин мақсад навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори иловагии 300 мегаватт ба истифода дода шуд ва дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Айни замон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе- 2 бо иқтидори 400 мегаватт фаъолият намуда, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ бо барқ таъмин гардида истодаанд.
Бо иқтидори пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба мо шароит фароҳам овард, ки таъмини неруи барқро ба аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






