«Барқи тоҷик»: Тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 22.00 бе махдудият бо барқ таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 6.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дафтари матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар медиҳад, ки вобаста ба муҳайё гардидани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ аз 5 январи соли равон маҳдудияти рӯзонаи неруи барқ барҳам дода шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 22.00 бе махдудият бо барқ таъмин карда мешаванд.
Ба иттилои ширкат, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф кардани норасоии неруи барқ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва як қатор неругоҳҳои хурди барқи обӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Таҷдиду навсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда оғоз гардид. Инчунин хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220, 110 киловолта ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд гардиданд.
«Соли 2016 бо ин мақсад навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори иловагии 300 мегаватт ба истифода дода шуд ва дар маросими ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ҳоло Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» бо иқтидори 400 мегаватт фаъолият намуда, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ бо барқ таъмин гардида истодаанд. Пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» шароит фароҳам овард, ки таъмини неруи барқ ба аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардад»,-иттилоъ доданд аз ширкати «Барқи тоҷик».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






