«Бонки Эсхата» дар шаҳри Ваҳдат боз як Маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 06.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. ҶСК «Бонки Эсхата» боз як Маркази хизматрасонии бонкиро барои сокинони шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ кард. Бинои нав дар маркази шаҳр, дар наздикии бозор ҷойгир аст. Аз ин рӯ ин маркази хизматрасонии бонкӣ барои мизоҷон мувофиқ аст.
«Маҳз ба шарофати он, ки ба кори марказ мутахассисони ботаҷрибаи бонкӣ ҷалб карда шуданд, мо умед мебандем, ки натиҷаҳои хуби фаъолияти кориро дар муддати кӯтоҳ ба даст орем»,- иброз дошт директори филиали «Бонки Эсхата» дар шаҳри Ваҳдат Наргис Назарова.
Дар ин марказ мизоҷон метавонанд аз хизматрасониҳои бонкӣ, ба мисли интиқоли пулӣ, мубодилаи асъор, пешниҳоди қарз ва қабули пардохтҳо, қабули пасандозҳо, амалиёт бо кортҳои пластикӣ ва ғайра истифода баранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






