Боздиди ҷавонони Қӯрғонтеппа аз «Сафед-дара»

Январь 24, 2017 17:27

ҚӮРҒОНТЕППА, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба муносибати Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 26 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр таҳти роҳбарии мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр аз минтақаи сайёҳии «Сафед-дара» дидан карданд. Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, саёҳати ҷавонон ба хотири рушди соҳаи туризм ва варзиш дар кишвар роҳандозӣ гардид.
Боздид аз «Сафед-дара» бори аввал набуда, зимистони соли гузашта низ барои истироҳат гурӯҳи калони ҷавонони шаҳр бо дастгирии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин мавзеи хушманзара таътили зимистонаи худро гузарониданд.

Январь 24, 2017 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст