Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019. Филиппин -ҳамгурӯҳи мо. Маълумотномаи «Ховар»
ДУШАНБЕ, 30.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 23-юми январи соли 2017 қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2019 дастаҳои мунтахаби Филиппин, Яман ва Непалро дар гурӯҳи « F» бо дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳам овард. Аз ин рӯ мо зарур шуморидем, ки муаррифномаи «Ховар»-ро пешкаши хонандагон гардонем. Аз миёни ин дастаҳо нуфузи дастаи мунтахаби Филиппин аз ҳама боло меистад ва дар радабандии нави ФИФА дар зинаи 122 қарор дорад.
Дастаи мунтахаби Филиппин ба федартсияи футболи Филиппин, ки яке аз қадимтарин федератсияҳои футболи Осиё ба шумор меравад, мансуб аст. Аммо дар таърихи худ ба дастовардҳои намоён муваффақ нашудааст. Моҳи сентябри соли 2006 дастаи мунтахаби Филиппин ба рекорди аз ҳама пасттарини худ дар радабандии дастаҳои мунтахаб аз ҷониби ФИФА (мақоми 195) рӯ ба рӯ шуд. Дастоварди беҳтаринаш дар ин нишондод ба моҳи ноябри соли гузашта (мақоми 117) рост меояд. Моҳи декабри счоли 2010 дастаи мунтахаби Филиппин бори аввал ба бозиҳои нимниҳоии Ҷоми АСЕАН роҳ ёфт. Соли 2010 дастаи мунтахаби Филиппин аз иштирок дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон даст кашид.
Аз соли 2014 инҷониб дастаи мунтахаби Филиппинро ҳамчун сармураббӣ Томас Дулии амрикоӣ машқ медиҳад. Ӯ дар гузашта капитани дастаи мунтахаби Амрико оид ба футбол буд ва дар дастаҳои «Гамбург» (1983-1988), «Кайзерслаутерн» (1988-1993), «Байер-04» (1994-1995), «Шалке-04» (1995-1997)-и Олмон, «Коламбус Крю» (1997-2000), «Метростарс» (2000) ва дастаи мунтахаби Америка(1992-1999, 81-бозӣ ва 7 гол) ҳунарнамоӣ кардааст. Дар вазифаи мураббигӣ дастаҳои «Саарбрюкен» (2002-2003)-и Олмон, дастаи мунтахаби Америка (мураббӣ, 2011-2014) машқ додааст. Ба рӯйхати дастовардҳояш унвони чемпиони Олмон дар солҳои 1990-1991, Ҷоми Олмон 1998-1999, соҳиби Ҷоми УЭФА соли 1996-1997 («Шалке -04), Ҷоми тиллиии КОНКАКАФ 1993 ва 1998,футболбози беҳтарини соли 2010 дар Америка дохил шудаанд.
Дастаи мунтахаби Филиппин бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду вохӯрӣ анҷом додааст. Ин бозиҳо дар доираи мусобиқот барои ҷоми даъвати КФО сурат гирифтаанд. Соли 2008 дар Филиппин дастаи мунтахаби Филиппин дар гурӯҳи «В» бо Тоҷикистон бозиашро бо натиҷаи 0:0 мусовӣ анҷом дод ва Тоҷикистону Филиппин бо 7 имтиёзӣ соҳиби ҷойҳои 1-ум ва дуюм гардиданд:
13.05.2008 Филиппин – Бруней 1:0
13.05.2008 Бутан – Тоҷикистон 1:3
15:05. 2008 Филиппин –Тоҷикистон 0:0
15.05. 2008 Бутан — Бруней 1:1
17.05.2008 Бруней – Тоҷикистон 0:4
15.05.2008 Филиппин – Бутан 3:0
Гурӯҳи B
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |||
| 1. | Тоҷикистон | 3 | 2 | 1 | 0 | 7 — 1 | 7 | ||
| 2. | Филиппин | 3 | 2 | 1 | 0 | 4 — 0 | 7 | ||
| 3. | Бутан | 3 | 0 | 1 | 2 | 2 — 7 | 1 | ||
| 4. | Бруней | 3 | 0 | 1 | 2 | 1 — 6 | 1 | ||
Сипас дар соли 2012 бозиҳои гурӯҳи«В»-и Ҷоми даъвати КФО аз нав ин дастаҳоро ба ҳам овард. Ин навбат футболбозони Филиппин бо натиҷаи 2:1 ғолиб омаданд.
09.03.2012. Кореяи шимолӣ — Филиппин 2:0
09.03.2012. Ҳиндустон – Тоҷикистон 0:2
11.03. 2012. Тоҷикистон – Кореяи шимолӣ 0:2
11.03. 2012. Филиппин — Ҳиндустон 2:0
13.03.2012. Тоҷикистон – Филиппин 1:2
13.03.2012. Кореяи шимолӣ — Ҳиндустон 4:0
Гурӯҳи B
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |||
| 1. | Кореяи шимолӣ | 3 | 3 | 0 | 0 | 8 — 0 | 9 | ||
| 2. | Флиппин | 3 | 2 | 0 | 1 | 4 — 3 | 6 | ||
| 3. | Тоҷикистон | 3 | 1 | 0 | 2 | 3 — 4 | 3 | ||
| 4. | Ҳиндустон | 3 | 0 | 0 | 3 | 0 — 8 | 0 | ||
Дастаи мунтахаби Филиппин аз ин гурӯҳ ба бозии нимниҳоӣ баромад ва аз дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардид. Дар бозӣ барои ҷои сеюм филиппиниҳо бар дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 4:3 ғолиб гардиданд. Дар вохӯрии ниҳоӣ бо натиҷаи 2:1 Кореяи шимолӣ бар дастаи мунтахаби Туркманистон ғолиб омад.
Акнун ин дафъа дастаи мунтахаби Филиппин бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли равон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо ҳам қувва меозмоянд. Аз солҳои пешини рақобатҳо ҳайату бозии дастаҳо тағйир ёфтааст. Мураббиён низ. Мо муштоқи ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳастем то ҳисоби ғалабаҳо баробар шавад.
Бозиҳои охирини Филиппин дар соли 2016:
25.11 . 2016 . Таиланд- Филиппин 1:0
22.11.2016. Филиппин – Индонезия 1:0
19.11.2016 . Сингапур — Филиппин 0:0
09.11.2016. Филиппин – Қирғизистон 1:0 (бозии дӯстона)
10.10.2016 . Филиппин – Кореяи шимолӣ 1:3 (бозии дӯстона)
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






