Бозингари КФ «Зенит» даъвати «Ювентус»-ро рад карда, ба Чин рафт
ДУШАНБЕ, 3.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари белгиягии клуби футболи «Зенит»-и Санкт-Петербург Аксел Витсел даъвати дастаи «Ювентус»-и Италияро барои гузаштан ба ин тим напазируфта, КФ «Тянтсзин Тсюантсзян»-и Чинро интихоб кард. Барои ин раддия Витсел аз дастаи «Ювентус» узр хостааст, хабар медиҳад «Football Italia» дар такя ба маводи рӯзномаи «Tuttosport».
«Интихоб барои ман ниҳоят душвор омад, зерро топ клуби Аврупо -«Ювентус» маро даъват карда буд. Аз тарафи дигар барои оилаам шартҳои клуби дуюм маъқул афтод», -гуфтааст Аксел Витсел. Расонаҳои хабарии Италия иттилоъ медиҳанд, ки КФ «Тянтсзин Тсюантсзян»-и Чин барои харидории Аксел Витсел ба «Зенит» 20 миллион евро пардохт карда, маоши бозингарро 18 миллион евро дар як сол муқаррар кардааст. Дастаи дигаре, ки мехост нимҳимоятгари «Зенит»-ро дар ҳайаташ бинад, ин КФ «Шанхай СИПГ» ба шумор мерафт, ки барои Витсел 25 миллион евро пешниҳод карда буд.
22 декабр хабаре ба нашр расид, ки гуфтугӯи клубҳои «Ювентус» ва «Зенит» дар масъалаи Аксел Витсел ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардид ва «Ювентус» умед дорад тобистон Витселро бе ягон маблағ ҳамчун бозингари озод ба ҳайати дастааш дохил кунад.
Зенит ин масъаларо бо роҳи худ ҳал кард.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






