Дар Боғи «Ирам» ҷашни Садаро таҷлил мекунанд
ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 29 январи соли равон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаводорони рақсу суруд ва оҳангҳои дилнавозро ҷиҳати иштирок дар барномаи консертӣ бахшида ба ҷашни Сада, ки дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват мекунад.
Тавре аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, ҳаводорони рақсу суруд ва оҳангҳои дилнавоз метавонанд аз тамошои ин намоиши консертӣ, ки соати 10:00 оғоз мешавад, дар мавзеи деҳаи шарқии Боғи «Ирам» баҳра бардоранд.
«Дар барномаи консертӣ устодони санъат ва ҳаваскорон, инчунин ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, оркестри эстрадии «Гулшан» ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ҳунарнамоӣ мекунанд»,- иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанг.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






