Дар ДСТР 189 шаҳрванди хориҷӣ аз 13 кишвари ҷаҳон таҳсил доранд

Январь 13, 2017 14:05

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии ДСТР қабули шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. То моҳи декабри соли 2016 миқдори умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ДСТР таҳсил мекунанд, 189 нафарро аз 13 кишвари ҷаҳон ташкил дод. Аз ҷумла, аз Озарбойҷон-2 нафар, Арманистон-2, Афғонистон-6, Германия-1, Эрон-4, Қазоқистон-4, Қиғизистон-2, Корея-2, Россия-80, Туркманистон-15, Ӯзбекистон-8, Эстония-1 нафар дар донишгоҳ таҳсил доранд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нуралӣ Салихов баён дошт.

«Донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ 96 шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар давраи ҳисоботӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ 11 созишнома баста шуд, аз ҷумла, бо Донишгоҳи миллии тадқиқотии техникии Иркутск (ФР), Институти сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносии Гансуй, Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф.М. Достоевский (ФР) ва Донишгоҳи Синтсзян (Чин)»,-иброз дошт Нуралӣ Салихов.

Январь 13, 2017 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст