Дар Хатлон корҳои омодагӣ ба пешвози ҷашни Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд

Январь 25, 2017 16:32

ҚӮРҒОНТЕППА, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагии ҳаматарафа шурӯъ гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, тибқи дастури раиси вилояти Хатлон ҷиҳати таҷлили сазовори иди байналмилалии Наврӯз ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилоят корҳои ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва сабзазоркунӣ бояд ба роҳ монда шаванд.
Дар шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо ҷалби ҷавонон, аҳолии шаҳраку деҳот ва ҷамоаҳои меҳнатӣ то таҷлили идҳои мазкур ҳашарҳои умумимаҳаллӣ гузаронида мешаванд.

Январь 25, 2017 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст