Дар Пекин 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказиро таҷлил карданд

Январь 11, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода 10 январ дар барномаи тантанавӣ ва фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки бо ибтикори Ҷамъияти  халқии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар қароргоҳи ҳуқуматии «Дяодутай»-и шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок карда, сухан гуфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар барнома муовини Раиси Кумитаи умумичинии Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Луо Фухэ, Раиси Ҷамъияти мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ хонум Ли Сяолинг ва сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Чин сухан гуфтанд.

Январь 11, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд