Дар шаҳри Норак Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа кушода шуд

Январь 24, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 24.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бо иштироки муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард, роҳбари Барномаи «Дунёи бехатар» Хирад Каргасов ва масъулини шаҳр Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Маркази мазкур баҳри густариши фаъолияти барномаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад, таъсис ёфт. Ҳадафи аслии барномаи мазкур такомул бахшидани имконияти хизматрасонии Вазорати корҳои дохилӣ ба шаҳрвандон бо таъмини риояи ҳуқуқи инсон, баррасии мушкилиҳое, ки имрўзҳо ҷомеаро ба ташвиш меоранд ва баланд бардоштани сатҳи боварии шаҳрвандон ба милитсия мебошад.
Инчунин барои кормандони милитсия ва ҷомеа фазои амнияти воқеӣ ва рӯҳӣ фароҳам гардида, дар он ҷонибҳо ҳамкории хешро беҳтар намуда, бо кумаку дастгирии якдигар роҳҳои ҳалли мушкилотро вобаста ба пешгирии содиршавии ҷиноят, бенизомии ҷамъиятӣ, бехатарӣ ва беҳтар кардани сифати ҳаёти ҷомеаро баррасӣ мекунанд.

Январь 24, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст