Дар соли 2016 35 номгӯи Стандарти давлатии тайёрии варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ Ховар/. Дар давоми соли 2016 бо мақсади такмили санадҳои танзимкунандаи соҳаи варзиш 35 номгӯи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ оид ба намудҳои варзиш дар ҳаҷми зиёда аз 1900 саҳифа таҳия ва ба истифода дода шуд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, ин иқдом барои пешрафт ва омода намудани варзишгарон нақши муҳим дошта, ба рушди варзиш мусоидат мекунад.
Ташаббуси дигаре, ки аз ҷониби Кумита роҳандозӣ гардид, ин таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад, ки он ҳам метавонад барои рушди соҳаи варзиш ва дар арсаи байналмилалӣ омода намудани варзишгарон кумак мерасонад.
Дар робита ба ин аз тамоми масъулини соҳаи варзиш хоҳиш карда мешавад, ки таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» то 20 январи соли равон ба унвонии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






