Дар соли 2016 дар вилояти Суғд 711 дугоник ба дунё омаданд

Январь 7, 2017 10:45

ХУҶАНД, 07.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 дар Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд 6 ҳазору 253 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки аз он 3143 нафарашон писар ва 3110 нафарашон духтар мебошанд. Аз шумораи умумии кӯдакони тавлидшуда 242 нафар дугоник ва 1 сегоник мебошанд. Новобаста аз он, ки соли сипаригашта шумораи умумии кӯдакони тавлидшуда нисбат ба соли 2015   90 нафар камтар аст, вале таваллуди писар дар соли гузашта бо қиёс ба солҳои пешин афзудааст.

Тавре масъулин аз маъмурияти Таваллудхонаи вилоятӣ иттилоъ доданд, ҳоло дар таваллудхонаи вилоятӣ баҳри занони хомиладору таваллудкунанда шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин аз  таваҷҷухи махсуси Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи  солимии ҷомеа дарак медиҳад.

То 6 январ дар таваллудхонаи вилояти Суғд дар маҷмӯъ 62 таваллуд ба қайд гирифта шуда, 33 писар ва 29 духтар ба дунё омадаанд.

Умуман соли 2016 дар вилояти Суғд 65 ҳазору 584 ҳолати таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки  аз он 711 нафар дугоник ва дар 3 ҳолат сегоник ба дунё омадаанд.

 

Январь 7, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд