Дар Суғд ба муносибати Соли ҷавонон Озмуни вилоятии шашмақомхонони наврасу ҷавон роҳандозӣ мешавад

Январь 25, 2017 11:09

ХУҶАНД, 25. 01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Раёсати фарҳанг, мудирони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, директорони китобхонаҳо, театрҳо ва клубу қасрҳои фарҳанг ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 ва нақшаи барномаҳо дар соли 2017 баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли равон аз ҷониби раёсати фарҳанги вилоят бахшида ба Соли ҷавонон як зумра озмунҳои вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мегарданд. Аз ҷумла, бо мақсади рушду инкишофи санъат ва дарёфти истеъдодҳои нав дар байни ҷавонону наврасон, ҳамчунин бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ, рушду инкишофи санъати рақси миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмунҳои вилоятӣ миёни ансамблҳои рақсии кӯдакона ва шашмақомхонони наврасу ҷавон баргузор мегарданд. Озмунҳо дар ду давр гузаронида шуда, дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мешаванд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанг таъкид гардид, ки бояд корҳои омодагӣ барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ вусъат дода шаванд.

Январь 25, 2017 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд